Донишҷӯён зидди амалҳои иртиҷоӣ

Бинанда: 688 | Санаи нашр: 27 Май 2022

27-уми майи соли ҷорӣ дар ҳама факултетҳои донишгоҳ барои донишҷӯён филми мустанади “Шикасти фитна”, ки доир ба амалҳои терористиву ифротгароии гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маълумот медиҳад, намоиш дода шуд.

Филми зикршуда ҷанбаи пурқуввати тарбиявию маърифатӣ дошта, ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба доми макру найранги хоинону ватанфурӯшони давлату миллати тоҷик гирифтор нагарданд.

Донишҷӯён аз тамошои филми “Шикасти фитна” доир ба вазъи сиёсию иҷтимоии минтақаи зикршуда ва шикаст хӯрдани амалҳои ғайриқонунии гурӯҳҳои ҷинояткор бо роҳбарии Улфатхоним Мамадшоева, Холбаш Холбашов ва Мамадбоқир Мамадбоқиров маълумоти пурра гирифта, чун неруи созандаю ояндасози кишвар кирдорҳои зиддидавлатию ғайриконститутсионии гурӯҳҳои террористиву ифротгароро сахт маҳкум намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top