Чорабинии идона

Бинанда: 751 | Санаи нашр: 21 Май 2022

20 – уми майи соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” – и шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи ҷавонон  ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Фатҳиддин Усмонзода иштирок намуданд.

Ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини ректор оиб ба тарбия Неъматулло Дилоев дар баробари дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи умумӣ ва коллеҷу литсейҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар чорабинии зикршуда фаъолона иштирок намуда, дастовардҳои илмию таълимӣ, фарҳангӣ ва варзишиашонро ба маърази тамошо гузоштанд, ки аз ҷониби масъулини чорабинӣ сазовори баҳои баланд гардид.

Сипас раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Фатҳиддин Усмонзода ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои дастоварду муваффақиятҳо ва ҳамкориҳои судманд бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи зикргардида сипоснома тақдим намуд.

Чорабинӣ дар фазои идона ва ҳусни тафоҳум доир гардид, ки он ба таҳкими дӯстиву бародарии ҷавонон мусоидат менамояд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top