Чорабинии тарғиботӣ – идеологӣ

Бинанда: 779 | Санаи нашр: 17 Май 2022

Имрӯз (17.05.2022) дар донишгоҳ дар асоси нақшаи ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба ҳифзу тарғиби дастовардҳо, арзишҳои миллӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ, ҳамбастагӣ ба сиёсати созандагӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ чорабинии тарғиботӣ – идеологӣ баргузор гардид, ки дар он сармутахассиси раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Фароғат Муҳаббатова, муовини сардори раёсати фарҳанги мақомоти зикршуда Абдувалӣ Абдураҳмонзода, намояндаи бахши фарҳангии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбия Неъматулло Дилоев оғоз намуда, ташрифи меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, доир ба аҳаммияти чорабинии зикршуда барои аҳли ҷомеа ибрози андеша кард.

Сипас меҳмонон – И. Шарипов, Ф. Муҳаббатова ва А. Абдураҳмонзода фикру мулоҳизаҳояшонро дар доираи масоили матраҳшуда перомуни дастоварду комёбиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 30 соли соҳибистиқлолӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ, рушду тавсеаи корҳои бунёдкориву созандагӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ дар шаҳри Душанбе баён намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Неъматулло Дилоев аз номи раёсати донишгоҳ ба меҳмонон барои иштирок ва суханронии пурмазмун арси сипос кард.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top