ТАШРИФИ САФИРИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ БА ДОНИШГОҲ

Бинанда: 758 | Санаи нашр: 17 Май 2022
17-уми майи соли 2022 сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эмре Зекӣ Карагёл ҷиҳати рушду тавсеаи ҳамкориҳои судманд ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташриф овард. Меҳмони олиқадрро ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода ва намояндагони раёсати донишгоҳ самимона истиқбол намуданд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин котиби дуюми раёсати кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодури Садриддин иштирок намуд.

Зимни мулоқот Маҳмадалӣ Қурбонзода ташрифи сафирро ба донишгоҳ хайра мақдам гуфта, доир ба дастоварду муваффақиятҳои дар давраи соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи мамлакат, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Туркия ибрози андеша карда, зикр намуд, ки донишгоҳ минбаъд низ ҳамкориҳоро дар ин самт рушд медиҳад. Ҳамчунин аз ҷониби ректори донишгоҳ пешниҳодҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои гуногуни фаъолияти таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ манзур гардид.

Дар навбати худ Эмре Зекӣ Карагёл ба раёсати донишгоҳ барои истиқболи самимона арзи сипос намуда, фикру мулоҳизаҳои худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Туркия дар самтҳои мухталифи фаъолият, ба монанди тиҷорату хизматрасонӣ ва соҳаи сайёҳӣ баён кард.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода ба Эмре Зекӣ Карагёл барои ташриф ба донишгоҳ арзи сипос намуда, ҳамчун рамзи меҳмоннавозии тоҷикона ба ӯ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top