Ба ифтихори Рӯзи ҷавонони кишвар

Бинанда: 748 | Санаи нашр: 15 Май 2022

14-уми майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи моҳвораи ҷавонон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Рӯзи дарҳои боз” ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои илмию инноватсионӣ, варзишӣ, ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаи сайёҳии донишгоҳ ва намоиши китобҳо дар китобхонаи илмии донишгоҳ дидан намуданд.

Сипас муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода бо хатмкунандагон ва олимони ҷавони донишгоҳ вохурӣ баргузор намуд, ки дар доираи он масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани худшиносиву ифтихори миллӣ, ҳисси ватандӯстиву машғул шудан ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар мавзӯъҳои барои ҳаёти ҷомеа мубрам баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин дар толори асосии донишгоҳ ҷамъомади умумӣ ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабиниро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат оғоз намуда, ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва имрӯз ҷавонони тоҷик аз имтиёзҳои гуногуни давлатӣ бархӯрдор буда, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ иштироки фаъолона доранд.

Зимни суханронӣ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода ба роҳбарияти донишгоҳ барои ҳамкориҳои муфид, дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон ва доир намудани чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатии сатҳи баланд арзи сипос намуд.

Мавсуф аз сиёсати ҷавонпарварона ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, доир ба имтиёзҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла стипендия ва квотаи президентӣ барои наврасону ҷавонон, бунёди зиёда аз даҳ ҳазор иншооти варзишӣ дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, таълиму тарбияи ҷавонон ва ҳифзи дастовардҳои давраи истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша кард.

Сураҷ Чоршанбезода дар хотимаи сухан ба ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат барои ташкил ва доир намудани чорабиниҳои гуногуни сатҳи баланд сипосномаи кумитаи зикршударо супорид. Ба як гурӯҳ омӯзгорону донишҷӯёни фаъол низ сипосномаву ифтихорномаҳои кумита тақдим карда шуд.

Дар навбати худ, раёсати донишгоҳ ба роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд сипоснома тақдим намуд.

Дар қисми хотимавии чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамудаии дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам”-и донишгоҳ, ки аз суруду таронаҳо дар васфи Ватан, ҷавонӣ ва рақсҳои ҷолиб иборат буд, ба маҳфил ҳусну таровати тоза зам намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top