Дастовардҳои навбатии донишҷӯёни донишгоҳ

Бинанда: 732 | Санаи нашр: 15 Май 2022

13-14-уми майи соли 2022 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 2-юмин озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” баргузор гардид.

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни зерини донишгоҳи мо дар озмуни зикршуда фаъолона иштирок намуда, сазовори як ҷойи 2-юм, як ҷойи сеюм ва ду ифтихорнома гардиданд:

  • Анваров Абубакр Алишерович – донишҷӯи курси 3, ихтисоси 23.01.01.03 – ташкили робитаҳои байналмилалӣ – ҷойи 2-юм аз фанни “Географияи иқтисодӣ” (ғайритахассусӣ);
  • Сафарзода Самараддини Наҷмиддин – донишҷӯи курси 1, ихтисоси 25.01.11 – аудит ва ревизия – ҷойи 3-юм аз фанни “Математика” (ғайритахассусӣ);
  • Собирзода Хуршед Наҷмиддин – донишҷӯи курси 3, ихтисоси 40.01.02 – технология ва низоми иттилоотӣ – ифтихорнома барои иштироки фаъолона аз фанни “Технологияҳои иттилоотӣ” (тахассусӣ);
  • Шарифов Сино Маҳмадраҳимович – донишҷӯи курси 1, ихтисоси 96.01.01 – ифтихорнома барои иштироки фаъолона аз фанни хадамоти гумрукӣ аз фанни “Технологияҳои иттилоотӣ” (ғайритахассусӣ).

Ҳамчунин аз тарафи раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд дар раванди ташкил ва баргузор намудани озмуни мазкур сипоснома тақдим гардид.

Раёсат, ҳайати илмию омӯзгорӣ ва донишҷӯёни донишгоҳ ғолибон, иштирокчиёни фаъоли озмун ва роҳбарони илмии онҳоро бо ин комёбӣ табрик намуда, дар таҳсил ва корҳои илмии минбаъдаашон барор мехоҳанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top