Тренинг дар Сантяго де Компостелла

Бинанда: 636 | Санаи нашр: 13 Май 2022

Аз 2-юм 12-уми майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи Сантяго де Компостеллаи Испания дар доираи лоиҳаи MIETC (Development of a Master Programme in the Management of Industrial Entrepreneurship for Transition Countries) - «Таҳияи барномаи магистрӣ дар соҳаи менеҷменти соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои иқтисодашон дар давраи гузариш» тренингҳо барои ҳамкорони лоиҳа аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистон (ба тариқи он-лайн) баргузор гардид. Профессорони Донишгоҳи Неаполи Италия ва Донишгоҳи Сантяго де Компостеллаи Испания ба омӯзгорон аз фанҳои гунонгун, аз ҷумла усулҳои таҳқиқот ва таҳлили маълумот (research methods and data analysis), ташкили бизнес (business creation), маркетинг ва бозори байналмилалӣ (international market and marketing), банақшагирии истеҳсолот ва назорат (production planning and control), таҳлили фазоӣ (spatial analysis) дарсҳои методӣ гузарониданд.

Дар дарсҳои мазкур омӯзгорон маълумоти навро оид ба таҳияи силлабусҳо аз фанҳои дар боло зикргардида пайдо карда бо таҷрибаи аврупоии гузаронидани дарсҳои интерактивӣ ва истифодаи кейсҳо дар дарсҳои амалӣ шинос шуданд.  Омӯзгорон дар асоси донишҳои навомӯхта, силлабусҳо ва маводи дарсӣ барои татбиқи бомуваффақияти барномаи магистрӣ дар ДДТТ таҳия менамоянд.

Илова бар ин, дар доираи вазифаҳои гузошташуда, ҳар як донишгоҳ, яъне ҳамкори лоиҳа бояд маводи заруриро ҷиҳати гузаронидани барномаи магистрии мазкур аз аккредитатсия давлатӣ омода созад, инчунин барои ташкил ва гузаронидани таблиғоти барнома дар байни довталабон – хатмкунандагони донишгоҳҳо ҳаматарафа тайёрӣ бинад. Бояд қайд кард, ки таблиғоти аввалини барномаи магистрӣ  бо иштироки намояндагони донишгоҳҳои аврупоӣ моҳи майи соли 2022 дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва моҳи июни соли 2022 дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top