Суруди ҷавонӣ

Бинанда: 767 | Санаи нашр: 13 Май 2022

12-уми майи соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Рӯдакӣ” ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар заминаи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо ибтикори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинии идонаи фарҳангӣ таҳти унвони “Суруди ҷавонӣ” баргузор гардид.

Барномаи фарҳангию фароғатии омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам” – и донишгоҳ, ки аз суруду таронаҳои дар ситоиши Ватан, Модар, ҷавонӣ, Ваҳдати миллӣ ва рақсҳои ҷолиб иборат буд, ба чорабинӣ ҳусну таровати тоза зам намуда, табъу хотири меҳмонони пойтахти кишвар – Душанбешаҳрро хушу болида гардонид.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top