Пешгирии омилҳои номатлуб

Бинанда: 657 | Санаи нашр: 12 Май 2022

Имрӯз (12.05.2022) дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ бо иштироки раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, мудири бахши таҳсилоти динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзигул Юсуфзода, сармутахассиси раёсати таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносии кумитаи зикршуда Қиёмиддин Насриддинов ва омӯзгорону донишҷӯён дар мавзӯъҳои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” вохӯрӣ баргузор гардид.

Вохӯриро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов оғоз намуда, ташрифи меҳмононро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт ва доир ба муҳиммияту мубрамияти мавзӯъҳои матраҳгардида ибрози андеша кард.

Сипас С. Абдуқодирзода ва Ф. Юсуфзода фикру мулоҳизаҳояшонро дар доираи мавзӯъҳои мавриди назар перомуни муқовиммат ба фаъолияти тахрибкоронаи созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, пешгирии радикализми динӣ, хурофоту ифротгароӣ дар ҷомеа, тарғибу ташвиқи омӯзиши илм ва техникаву технологияи муосир, баланд бардоштани донишу маънавияти ҷавонон ва талқини одобу ахлоқи ҳамида ва таҳаммулпазирӣ дар байни омӯзгорон ва муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баён карданд.

Дар фарҷоми ҷамъомад С. Саидов ба меҳмонон барои иштирок ва суханронии пурмуҳтаво изҳори сипос намуда, баргузории чунин вохӯриҳоро судманд ва бамаврид арзёбӣ кард.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top