ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА

Бинанда: 630 | Санаи нашр: 11 Май 2022

7-уми майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати 77-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҷамъомад муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов ҳозиринро ба ифтихори ин ҷашни бузурги таърихӣ табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки дар таърихи инсоният воқеаҳое ҳастанд, ки аҳаммият ва шаҳомату бузургии онҳо ба гузашти замон боз ҳам бештар мегарданд ва Рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои фаромӯшнашаванда аст.

Мавсуф дар идомаи суханронӣ иброз дошт, ки дар ин ҷанги хонумонсӯз мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 27 миллион нафарро аз даст дод ва аз Тоҷикистон низ дар ин ҷанг 300 ҳазор нафар иштирок доштанд, ки 92 ҳазор нафари он баҳри ҳифзи Ватан ҷон нисор карданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 60 ҳазор нафар намояндагони Тоҷикистон бо ордену медалҳо, аз ҷумла 68 нафар ба гирифтани унвони олии “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” ва 21 нафар ба се ордени “Шараф” мушарраф гардидаанд.

Сипас аз ҷониби Саймаҳмуд Саидов ва муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов ба муаллифони беҳтарин мақолаҳои илмии Конференсияи илмию назариявии омӯзгорону донишҷӯён, ки ба муносибати 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар доираи “Ҳафтаи илм” баргузор гардида буд ва ғолибони даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дипломҳои дараҷаи якум ва сипосномаю ифтихорнома супорида шуд.

Дар қисми фарҳангии ҷамъомад барномаи омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам” ва хонандагони литсейи донишгоҳ, ки аз сурудҳо дар васфи Модар-Ватан, Рӯзи Ғалаба ва рақсҳои ҷолиб иборат буд, рӯҳу хотири аҳли толорро болида гардонида, ба ин маҳфили бошукӯҳ ҳусну таровати тоза бахшид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top