Дараҷаи илмӣ муборак!

Бинанда: 980 | Санаи нашр: 06 Май 2022
Ба устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Машокиров Ҷаҳонгир Неъматуллоевич тибқи қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2022 таҳти №4 дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ дода шуд. Дар ин бора фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 майи соли 2022 таҳти №139/ди нашр гардид.
 
Хотиррасон менамоем, ки Машокиров Ҷаҳонгир Неъматуллоевич дар мавзӯи "Рушди бозори ​ хизматрасонии сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон",​ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ рисолаи илмии худро зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ Шаропов Фарҳод Разоқович дифоъ намуда буд.
 
Раёсат ва профессорону омӯзгорони донишгоҳ Ҷаҳонгир Машокировро ҷиҳати сазовор гардидан ба дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ табрик гуфта, барояшон комёбию пирӯзӣ ва дар идомаи фаъолияти илмӣ музаффариятҳои тоза таманно доранд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top