Вохӯрӣ дар остонаи Рӯзи Ғалаба

Бинанда: 745 | Санаи нашр: 06 Май 2022

Имрӯз (05.05.2022) дар донишгоҳ ба муносибати таҷлили 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо ҷанговарони интернатсионалист вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро муовини ректор оид ба тарбия Неъматулло Дилоев оғоз намуда, доир ба омодагии аҳли донишгоҳ ба ин рӯзи фархунда ва эҳтирому арҷгузории иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол андешаронӣ карда, иброз дошт, ки қаҳрамонию ҷоннисорӣ ва корномаи бузурги фарзандони далеру шарафманди Ватан ҳаргиз фаромӯш карда намешавад.

Сипас, ҷанговарони интернатсионалист муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ғафур Расулов, дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Исматулло Исматуллоев ва инчунин, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шамс Ниёзов фикрҳояшонро доир ба таҷлили Рӯзи Ғалаба, аҳаммияти тарбиявию маърифатии ин ҷашни бузург, қаҳрамонию диловарии тоҷикон дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941-1945), қадршиносии собиқадорони арсаи ҷангу меҳнат ва дигар ҷанбаҳои мавзӯи мавриди назар баён намуданд.

Дар фарҷоми ҷамъомад Неъматулло Дилоев бори дигар аҳли толорро ба фарорасии Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ба нотиқон барои суханрони пурмазмун арзи сипос кард.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top