Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Бинанда: 781 | Санаи нашр: 05 Май 2022

4-уми майи 2022 дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Хубони Сорбон доир ба боло бурдани ахлоқу одоб ва маънавияти донишҷӯён ибрози андеша карда, аҳамияти расму ойин, хусусият ва фазилатҳои миллати тоҷикро дар ташкили оила ва муносибатҳои байни аъзои оила таъкид намуд. Инчунин, ӯ аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳамчун насли муосиру ояндасози кишвар ба масъалаҳои зикргардида таваҷҷуҳи зиёд дошта бошанд.

Сипас, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ Қутфинисо Мирзоева доир ба иҷрои бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” суханронӣ намуда, зикр кард, ки ноомодагӣ ба оиладорӣ, набудани маълумоти касбӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, ногоҳӣ аз ҳуқуқҳои худ ва надоштани одоби муошират барои хушунат дар хонавода замина муҳайё мекунад. Мавсуф аз ҷумла гуфт, ки доштани саводи казоӣ ва одоби муошират чӣ барои духтарон ва чӣ барои писарон боиси ҳамдигарфаҳмӣ дар ҳаёти мустақилонаи минбаъдаи онҳо бо аъзоёи оилаи шавҳар ва ё зан гардида, инчунин, осудагии зиндагиро таъмин хоҳад кард.

Мутаассифона, имрӯз дар баъзе оилаҳо зӯроварӣ нисбат ба зан ва кӯдак ба “як қоидаи маъмулӣ” табдил ёфтааст. Бо истифода аз ҷисми қавӣ мардон зӯриву дағалиро истифода бурда, ҳамсари худро ҳатто дар пеши чашмони фарзандонашон зери мушту лагад қарор медиҳанд. Ҳол он ки, мард вазифадор аст оилаи хешро эҳтиром намояд, хушунатро нисбат ба зан раво надорад ва барои тарбияи фарзандони рӯҳану ҷисман солим фазои мусоидро муҳайё созад.

Дар фарҷом иштирокдорон ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top