Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст

Бинанда: 662 | Санаи нашр: 30 Апрел 2022

Имрӯз (30.04.2022) дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон даври дуюм-даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

Озмунро муовини ректор оид ба тарбия Неъматулло Дилоев оғоз намуда, доир ба баргузории даври донишгоҳии озмуни зикршуда, омодагии омӯзгорону донишҷӯён ба ин сабқати зеҳнӣ, тарғибу ташвиқи илму маърифат китобу китобхонӣ, боло бурдани худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ ва маънавиятпарварии ҷавонон ибрози андеша кард.

Сипас ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат андешаҳояшро доир ба сиёсати маорифпарварона ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аҳаммияти бузурги илму маърифат, китобу китобдорӣ ва дигар арзишҳои волои фарҳангӣ дар ҳаёти инсон баён карда, иброз дошт, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки имрӯз даври дуюм-даври донишгоҳии он доир мегардад, дар тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон нақши муассир мегузорад.

Роҳбари донишгоҳ инчунин, ба кори ҳайати ҳакамони озмун муваффақият орзу намуда, таъкид кард, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии ин чорабинии муҳимми фарҳангию маърифтӣ мукофоти пулӣ супорида мешавад.

Муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саидов С.С. низ ҳамчун раиси комиссияи ҳакамон фикру мулоҳизаҳояшро доир ба даври дуюм-даври донишгоҳии озмуни зикршуда ва ҳайати аъзои ҳакамон баён намуд.

Дар идомаи чорабинӣ иштирокдорон зимни сабқати зеҳнӣ аз рӯи чор номинатсия – “Адабиёти классикӣ”, “Адабиёти ҷаҳон”, “Адабиёти муосир” ва “Назму наср” дониш ва маҳорату малакаи хуб нишон доданд.

Ҳайати ҳакамон - Саидов С .С., муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Шаропов Ф.Р. ва дигарон суханронию шеърхонӣ ва посухи иштирокдоронро ба суолҳои ироашуда таҳлилу баррасӣ намуда, бо онҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар қисми  хотимавии чорабинӣ аз ҷониби ҳакамон ғолибон муайян карда шуд ва онҳо ба даври ноҳиявӣ роҳ ёфтанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top