Вохӯрӣ бо хатмкунандагон

Бинанда: 652 | Санаи нашр: 27 Апрел 2022

Имрӯз (26.04.2022) дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саидов С.С бо хатмкунандагон баргузор гардид.

Вохӯриро Саймаҳмуд Саидов бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, доир ба омодагии хатмкунандагон ба имтиҳонҳои давлатӣ, пардохти маблағи таҳсил, бартараф намудани карзҳои академӣ, сари вақт навиштани рисолаи хатм ва дигар масоили муҳим суханронӣ намуд.

Мавсуф зимни суҳбат бо хатмкунандагон аз ҷумла иброз намуд, ки онҳо бояд ба имтиҳонҳои давлатӣ омодагии ҷиддӣ дошта бошанд ва дар асоси тавсияву маслиҳатҳои роҳбарони корҳои илмӣ рисолаҳои хатмро сари вақт ба анҷом расонанд.

Дар қисми хотимавии вохӯрӣ Саймаҳмуд Саидов ба суолҳои хатмкунандагон ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда дод.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top