Конференсияи илмии донишҷӯён

Бинанда: 647 | Санаи нашр: 26 Апрел 2022

23-юми апрели соли 2022 бахшида ба 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар кафедраи забони англисӣ ва робитаҳои байнифарҳангии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ конференсияи илмию назариявии донишҷӯён баргузор гардид.

Конференсияро мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ Акрамов Ф. М оғоз намуда, доир ба муҳиммияти баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ ибрози назар кард.

Сипас донишҷӯёни фаъол перомуни мавзӯъҳои гуногуни илмии соҳаи забоншиносӣ бо маърӯзаҳои ҷолиб баромад карда, андешаҳояшонро доир ба масоили мавриди назар баён намуданд.

Аз ҷониби омӯзгорони кафедра маърӯзаҳои илмии донишҷӯён таҳлилу баррасӣ гардида, ба ҳар яки онҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Конференсияро Акрамов Ф. М ҷамъбаст намуда, изҳори боварӣ намуд, ки донишҷӯён минбаъд низ ба корҳои илмӣ бештар машғул мегарданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top