Нишастҳои илмии донишҷӯён

Бинанда: 632 | Санаи нашр: 26 Апрел 2022

Рӯзҳои 22-юм ва 23-юми апрели соли равон дар кафедраҳои иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ ва маркетинг, тиҷорат ва сервиси факултети иқтисодиёт ва тиҷорат конференсияҳои илмии донишҷӯён баргузор гардид.

Дар оғози ин ду конференсия мудирони кафедраҳои зикргардида, номзадҳои илмҳои иқтисодӣ Комил Алимов ва Абдумалик Ҳакимов дар бораи мақсаду моҳияти нишастҳои илмии донишҷӯён ибрози назар намуда, дар кори онҳо ба муҳассилин комёбию муваффақият орзу карданд.

Сипас донишҷӯён дар доираи мавзӯъҳои илмии матраҳгардида маърӯзаҳои шавқовар намуда, ба суолҳои пешниҳодшуда посух гуфтанд ва аз ҷониби устодони ботаҷрибаю серталаб маслиҳатҳои судманд ва баҳои сазовор гирифтанд.

Дар фарҷоми нишастҳои илмӣ масъулини кафедраҳо изҳори боварӣ намуданд, ки донишҷӯён минбаъд низ дар чорабиниҳои илмии сатҳи гуногун фаъолона ширкат меварзанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top