ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАСИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ДОНИШҶӮ ВА ПЕШРАФТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ”

Бинанда: 591 | Санаи нашр: 21 Апрел 2022

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар доираи Конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ - “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” бо иштироки роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректорон ва муовинони ректор оид ба илми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид.

Дар анҷоми ҷаласа Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ба ғолибони озмун диплом, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравиро супориданд.

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар озмуни мазкур ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, соҳиби 2 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, 2 ҷойи сеюм ва 1 ифтихорнома гардиданд:

1. Насимова Муниса Бобохоновна – донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 260202-Менеҷмент – ҷойи якум дар бахши сайёҳӣ;

2. Қурбонхолзода Равшан – донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 910201 – Сервиси тарабхона ва меҳмонхонаҳо – ҷойи 1-ум дар бахши фарҳангшиносӣ;

3. Ашурова Дилноза Сафомидиновна – донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 25010720 – Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо – ҷойи 2-юм дар бахши иқтисодиёт;

4. Умаров Сорбон Ҷамахонович – донишҷӯи курси якуми ихтисоси 250103-Иқтисодиёти ҷаҳонӣ – ҷойи 2-юм дар бахши экология;

5. Каримов Меҳровар донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 24010204 – Ҳуқуқи байналмилалӣ, дипломи дараҷаи сеюм дар бахши экология;

6. Қурбоналии Саттор – донишҷӯи курси якуми ихтисоси 960101 – Фаъолияти гумрук – ҷойи 3-юм дар бахши химия;

7. Расулов Сипар Фирӯзович – донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 250103 – Иқтисодиёти ҷаҳон – ифтихорнома дар бахши илм ва технология.

Раёсати донишгоҳ ҳамаи ғолибони озмуни ҷумҳуриявиро табрик намуда, дар фаъолияти таълимӣ ва илмию таҳқиқотии онҳо муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамояд.
 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top