Даври якуми озмун

Бинанда: 746 | Санаи нашр: 22 Апрел 2022

Рӯзҳои 18 –ум ва 21 – уми апрели соли равон дар факултетҳои молия ва қарз, менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ, иқтисодиёт ва тиҷорат, муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия Неъматулло Дилоев ва сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Хубони Сорбон баргузор гардид.

Озмунро роҳбарони факултетҳои зикргардида оғоз намуда, ба донишҷӯён дар ин сабқати зеҳнӣ барору комёбӣ хостанд.

Аъзои ҳакамон донишҷӯёнро бо шартҳо ва тартиби гузаронидани озмун шинос карданд.

Сабқати зеҳнии донишҷӯён аз рӯи панҷ номинатсия: “Адабиёти классикӣ”, “Адабиёти муосир”, “Адабиёти бачагона”, “Адабиёти чаҳон” ва “Назму наср” гузаронида шуда, дар он муҳассилин фаъолона иштирок намуда, дониш ва маҳорату малакаи хуб нишон доданд.

Сипас аз ҷониби аъзои ҳакамон ғолибони даври якуми озмун муайян гардид ва онҳо ба даври донишгоҳӣ роҳ ёфтанд.

Шуъбаи табу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top