ҲАДАФ – ИСЛОҲИ КАМБУДИҲО

Бинанда: 616 | Санаи нашр: 20 Апрел 2022

Имрӯз (20.04.2022) дар донишгоҳ ҷаласаи умумии ҳайати илмию омӯзгорӣ ва кормандон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаи ислоҳи камбудиҳое, ки дар хулосаи комиссияи аттестатсионии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида буданд, ҳамчунин иҷрои саривақтии супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот оид ба бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муовини якум, муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ Саймаҳмуд Саидов ҳозиринро бо нуқтаҳои асосии хулосаи комиссияи аттестатсионии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд. Қайд гардид, ки раёсат, ҳайати илмию омӯзгорӣ ва кормандони донишгоҳ бояд сайъю кӯшиши худро барои иҷрои босифат ва саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ва тавсияҳои комиссияи аттестатсионӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр кардани муттахассисони ҷавобгӯ ба тақозои бозори меҳнат ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор равона созанд.

Дар идомаи баромади худ Саймаҳмуд Саидов ҳамаи роҳбарони воҳидҳои сохтории донишгоҳро вазифадор намуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин нақшаи чорабиниҳоро оид ба бартараф намудани камбудиҳои зикршуда таҳия намуда, ба раёсати донишгоҳ пешниҳод намоянд.

Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Фарҳод Шаропов дар баромади худ қайд намуд, ки новобаста аз мушкилоти ҷойдошта донишгоҳ мавқеи худро дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нигоҳ доштааст ва ҳайати кормандон ва профессорону омӯзгорони донишгоҳ бояд барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузи он дар ҷомеа саҳмгузор бошанд. Зарур аст, ки камбудиҳои ҷойдошта дар самтҳои гуногуни фаъолият бартараф гардонида шуда, роҳҳои боз ҳам такмил додани раванди таълиму тарбия, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ пайдо карда шаванд.

Дар хотимаи ҷаласа аъзои раёсати донишгоҳ ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳо дода, бори дигар ҷиҳати рушди ҳамаи самтҳои фаъолияти донишгоҳ андешаҳои худро иброз намуданд.
 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top