Мизи мудаввар

Бинанда: 616 | Санаи нашр: 20 Апрел 2022

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади ривоҷ додани ҳамкориҳои судманди илмӣ ва омӯхтани таҷрибаи пешқадам фаъолияташро бо донишгоҳҳои олии кишвар ва хориҷи он дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, дар ин самт ба як қатор комёбию муваффақиятҳо ноил гардидааст.

Чунончи, дар доираи ҳамкориҳои судманд санаи 20-уми апрели соли 2022 дар Донишгоҳи Алма-менеҷменти (AlmaU) Ҷумҳурии Қазоқистон мизи мудаввари ректорони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ (тариқи маҷозӣ) баргузор гардид, ки дар он муовини якум, муовини ректор оид таълим Саймаҳмуд Саидов, инчунин ҳайати намояндагии донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ, Латвия, ташкилотҳои байналмилаликунонии таҳсилот, сертификатсия, аккредитатсия, коршиносон оид ба рушди идоракунии соҳаи экология ва идоракунии иҷтимоӣ ширкат варзида фикру андешаҳояшонро доир ба мавзӯъҳои матраҳгардида баён намуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top