Паёмадҳои нохушӣ никоҳи хешутаборӣ

Бинанда: 700 | Санаи нашр: 20 Апрел 2022

19-уми апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Никоҳи хешутаборӣ- бадбахтии оилавӣ” баргузор гардид.

Мизи мудавварро муовини ректор оид ба тарбия Дилоев Н.Ф. ҳусни оғоз бахшида, аз номи раёсати донишгоҳ ташрифи сардори раёсати кор бо занони Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зуҳурзода Зарринаро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, доир ба муҳиммияти мавзӯи матраҳгардида ибрози андеша кард.

Сипас, Заррина Зуҳурзода, мудири шуъбаи фарҳанг ва осорхона Ҷамила Ғафурова, дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷорат ва зиддикоррупсионӣ Қутфинисо Мирзоева ва муаллими кафедраи забонҳои хориҷӣ Дилноза Тураева доир ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии паёмадҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ, шарт, тартиби бастани ақди никоҳ, монеагиҳо барои бастани он ва омилҳои генетикӣ ва фаъолияти равонии кӯдакон ҳангоми никоҳи хешутаборӣ суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Дилоев Н.Ф. аз номи раёсати донишгоҳ ба маърӯзачиён ва иштирокчиён арзи сипос намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top