ОҒОЗИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ

Бинанда: 697 | Санаи нашр: 19 Апрел 2022
Ҳамасола дар кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол якшанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи илми тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи илми тоҷик рӯзҳои 18-23 апрелро ҳамчун “Ҳафтаи илм” эълон намуд.
 
Дар доираи ҳафтаи илм баргузории конференсияи илмию назариявии ҳайати илмию омӯзгорӣ ва донишҷӯёни донишгоҳ, инчунин озмуну маҳфилҳо ва чорабиниҳои гуногуни илмӣ ба нақша гирифта шудаанд.
 
Имрӯз (18.04.2022) ҷаласаи пленарии конференсияи илмию назариявии ҳайати илмию омӯзгорӣ ва донишҷӯён, ки ба  таҷлили 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ  бахшида шудааст, дар доираи ҳафтаи илм баргузор гардид. 
 
Ҷаласаро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов ҳусни оғоз бахшида, нақши илмро дар рушди иқтисоди миллӣ ва шукуфоии кишвари азизамон барҷаста арзёбӣ намуда, бо камоли эҳтиром суханро ба ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат во гузошт. 
 
Ректори донишгоҳ ҳозиринро бо кушодашавии “Ҳафтаи илм” табрику таҳният гуфта, нақш ва саҳми бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди илми ватанӣ ва пешрафти корҳои илмию таҳқиқотӣ назаррас арзёбӣ намуд ва ба кори конференсия барору муваффақият орзу намуд.
 
Сипас донишҷӯи курси якуми донишгоҳ Шабнам Қосимова дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ – асоси рушди ҷомеа”, номзади илмҳои иқтисодӣ, докторанти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Ораз Муртазоев дар мавзӯи “Истиқлолият – заминаи устувори саноатикунонии босуръати кишвар”, донишҷӯи курси дуюм Муниса Насимова дар мавзӯи “Нақши соҳаи сайёҳӣ дар рушди устувори иқтисодиёти миллӣ” ва унвонҷӯи кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Беҳрӯз Буриев дар мавзӯи “Баъзе ҷанбаҳои ташаккул ва рушди иқтисодиёти рақамӣ” маърӯзаҳои пурмазмун карда, андешаҳояшонро доир ба мавзӯъҳои матраҳгардида баён намуданд.
 
Дар идомаи конференсия сардори раёсати илм ва инноватсия Муҳитдин Ҳамитов иштирокчиёнро бо тартиби гузаронидани конференсия дар бахшҳо  шинос намуд. Конференсия дар 16 бахш то рӯзи 23 апрели соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.
 
Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Раҳмат ба ғолибони даври якум – даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”  дипломҳо супорида шуданд.
 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top