Шанбегӣ дар донишгоҳ

Бинанда: 685 | Санаи нашр: 18 Апрел 2022
Имрӯз (16.04.2022) дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони раёсати хоҷагидорӣ ҳудуди донишгоҳ, гирду атрофи дарахтон, қитъаҳои майсазор ва бехи гулу гулбуттаҳоро тозаю озода ва рӯбучин намуда саҳмашонро дар ободонию хуррамгардонии ин боргоҳи илму маърифат гузоштанд.
 
Корҳои ободонию хуррамгардонӣ дар донишгоҳ минбаъд низ идома меёбанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top