Намоиши китоб

Бинанда: 626 | Санаи нашр: 16 Апрел 2022

15 –уми апрели соли 2022 дар Китобхонаи илмии донишгоҳ маъракаи намоиши китоб таҳти унвони “Дӯстдорони китоб” баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ мудири китобхонаи илмӣ Парвизи Садриддин доир ба аҳаммияти китобу китобхонӣ барои инсон ва китобҳои нави илмию бадеӣ ибрози андеша кард.

Сипас омӯзгорону донишҷӯён аз китобҳои гуногуни дар маърази тамошо гузошташуда шинос гардида, донишу маърифат ва маънавияташонро дар ҷодаи худшиносию худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ боз ҳам ғанитар гардониданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top