Вохӯрии судманд

Бинанда: 683 | Санаи нашр: 13 Апрел 2022

9 - уми апрели соли равон дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии намояндагони раёсати корҳои тарбиявӣ бо сарпарастони гурӯҳҳои академии факултети зикргардида баргузор гардид.

Ҷамъомадро декани факултет Ораз Муртазоев оғоз намуда мақсади баргузории онро, ки боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сифати корҳои тарбиявӣ, бахусус ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва шомил нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ буд, ба ҳозирин баён намуд.

Сипас, Хубони Сорбон – сардори раёсати корҳои тарбиявӣ дар бораи риояи тартиботи дохилидонишгоҳӣ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суханронӣ карда, изҳори умед намуд, ки тавассути фаъолияти хуби сарпарастони гурӯҳҳо кори таълиму тарбия минбаъд низ хубтару беҳтар хоҳад шуд.

Дар хотимаи ҷамъомад мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шамс Ниёзов ва мудири шуъбаи фарҳанг ва осорхона Ҷамила Ғафурова фикру андешаҳои хешро доир ба мавзуи матраҳгардида баён намуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top