Вазъ ва дурнамои рушди бозори истеъмолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 699 | Санаи нашр: 07 Апрел 2022
Рӯзи 6-уми апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Вазъ ва дурнамои рушди бозори истеъмолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
 
Конференсияро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов ҳусни оғоз бахшида, аз номи раёсати донишгоҳ ташрифи меҳмононро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт ва доир ба муҳиммияти мавзӯи матраҳгардида ибрози андеша кард.
 
 
Сипас доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Сафиувло Ҳабибов дар мавзӯи “Таъмини бехатарии бозори маводи истеъмолӣ ва рушди инноватсионии соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов дар мавзӯи “Таҳқиқи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров дар мавзӯи “Бозори молҳои истеъмолии Тоҷикистон: таҳлили вазъ ва дурнамои рушди он” ва муовини директор оид ба илми Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Аврор Мирсаидов дар мавзӯи “Бунёди заминаҳои консептуалии ислоҳоти иқтисодии мамлакат” суханронӣ намуда, фикрҳояшонро доир ба рушди иқтисоди кишвар, таҳияи стратегияҳои асосии мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ, танзими бозори дохилӣ, рушди бахши кишварзӣ, ҳамчунин омӯзиши ҳамаҷонибаи бозори молҳои истеъмолӣ баён намуданд.
 
Дар музокира доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳоҷимаҳмад Умаров ва номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини якуми ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маҳмудҷон Тошматов оид ба дурнамои рушди бозори истеъмолии ҷумҳурӣ пешниҳодҳои худро манзур гардонида, гузаронидани конференсияро дар ин самт мувофиқи мақсад донистанд.
 
Дар фарҷоми конференсия Саймаҳмуд Саидов аз номи раёсати донишгоҳ ба маърӯзачиён ва иштирокчиён арзи сипос намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top