Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”

Бинанда: 681 | Санаи нашр: 06 Апрел 2022

Рӯзҳои 4-ум ва 5-уми апрели соли равон даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияҳои география ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён аз факултетҳои мухталифи донишгоҳ иштирок намуданд.

Озмунро сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Муҳитдин Ҳамитов ва декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ Фитрат Рустамов ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро бо низомнома ва тартиби баргузории он шинос намуданд.

Дар озмуни номинатсияи география 47 нафар ва номинатсияи технологияи иттилоотӣ 65 нафар донишҷӯ тибқи талаботи муқарраргардида иштирок намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top