Идомаи даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”

Бинанда: 686 | Санаи нашр: 04 Апрел 2022

Рӯзи 2 - юми апрели соли равон даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”  аз рӯи номинатсияҳои  физика ва химия байни донишҷӯёни фаъоли ҳамаи курсҳо баргузор гардид.

Озмунро сардори раёсати илм ва инноватсия Муҳитдин Ҳамитов ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро бо низомнома ва тартиби баргузории он шинос намуданд. Дар озмуни мазкур беш аз 65 нафар донишҷӯ тибқи талаботи муқарраргардида иштирок карданд. 

Бояд қайд кард, ки даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”  аз рӯи дигар номинатсияҳо идома ёфта, ғолибон муайян карда мешаванд ва ба даври навбатӣ роҳ меёбанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top