Дарси кушоди профессорон Дуглас Шоффилд ва Жаннет Шоффилд дар доираи барномаи “Фулбрайт”

Бинанда: 870 | Санаи нашр: 01 Апрел 2022

Соҳаи сайёҳӣ дар низоми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳимму афзалиятнок эълон гардида, ҳамчун воситаи тавонои ташаккули идеологияи миллӣ, муарриф ва муайянкунандаи мақому манзалати ҷомеаву мамлакат дар арсаи байналмилалӣ хидмат мекунад. Яке аз масъалаҳои муҳимми рушди соҳаи сайёҳӣ омода кардани мутахассисони баландихтисос ба ҳисоб меравад ва дар ин самт нақши омӯзиши таҷрибаи хориҷӣ хеле назаррас мебошад. Бо ин мақсад 31-уми марти соли 2022 дар доираи барномаи “Фулбрайт” (Fulbright Program) профессори Донишгоҳи Питсбурги Штатҳои Муттаҳидаи Америка – Дуглас Шоффилд барои донишҷӯён дар мавзӯи “Ҷалби сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон” машғулият баргузор намуд.

Ҳамчунин, 1-уми апрели соли равон профессор Жаннет Шоффилд аз Донишгоҳи Гарварди Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар доираи барномаи  зикршуда дар мавзӯӣ “Нақши мудирият дар фаъолияти соҳибкорӣ” дарси кушод баргузор намуд.

Профессорон зимни машғулиятҳо перомуни рушди соҳаи сайёҳӣ, шеваи роҳбарӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар ҷанбаҳои мавзӯи мавриди назар ибрози андеша карда, ба суолҳои донишҷӯён посух гуфтанд.

Машғулиятҳои профессорон Дуглас Шоффилд ва Жаннет Шоффилд минбаъд низ идома меёбанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top