Паём дар меҳвари омӯзиш

Бинанда: 756 | Санаи нашр: 31 Март 2022

Имрӯз (31.03.2022) дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи мавзӯъҳои “Мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ”, “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари омӯзиш” ва “Пешгирии қонуншиканиҳо ва дохилшавии шаҳрвандони мамлакат ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, инчунин, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон” бо иштироки сардори раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи дуюм Абдусамӣ Содиқзода, прокурори ҳамин раёсат, мушовири давлатии адлияи дараҷаи якум Раҳимҷон Раҷабов ва прокурори раёсати зикршуда Нусратулло Раҷабзода ва омӯзгорону донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, доир ба мазмуну муҳтавои масоили матраҳшуда ибрози назар кард.

Сипас А. Содиқзода, Р. Раҷабов ва Н. Раҷабзода перомуни мавзӯъҳои мавриди назар суханронӣ намуда, андешаҳояшонро доир ба пешгирии воридшавии наврасону ҷавонон ба созмонҳои иртиҷоӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, хушунату зӯроварӣ нисбат ба инсон, ифротгароии динӣ, ҷавонон – ояндаю неруи пешбарандаи давлату ҷомеа, Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – дастури раҳнамунсоз, саноатикунонии босуръати кишвар ва дигар масоили муҳим баён карданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Саймаҳмуд Саидов аз номи раёсати донишгоҳ ба меҳмонон барои маърӯзаҳои пурмазмун арзи сипос кард.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top