Табрикоти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Бинанда: 710 | Санаи нашр: 20 Март 2022

Ҳамкасбон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла мову шумо дар арафаи яке аз ҷашнҳои қадимтарини аҷдодиамон-Наврӯзи хуҷастапай, ки 12 сол қабл бо ташаббуси Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии сарони кишварҳои Наврӯзро ҷашнгиранда аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалиро касб намуда буд, қарор дорем. Аз ин рӯ, ҳар яки шуморо ба ин ҷашни воқеан ҳам ҷанбаи умумибашаридошта табрику таҳният гуфта, бароятон хушбахтӣ ва ободиву осудагии рӯзгорро таманно менамоям.

Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни дунёст, ки бо фарорасии хеш аз оғози фасли зебои баҳор мужда медиҳад. Ин мужда рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагист. Боиси ифтихору сарфарозист, ки ба шарофати Истиқлолияти давлативу озодии Ватани маҳбубамон оини бебаҳои аҷдодӣ-Наврӯз эҳё ва барои рушди минбаъдаи русуми наврӯзӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Бояд гуфт, ки Наврӯзи имсола дар кишвари азизи мо-Тоҷикистони биҳиштосо дар давраи омодагӣ ба ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки на танҳо сифати таълиму тарбияро беҳтар ба роҳ монда ба ин васила мутахассисони баландихтисоси рақобатпазирро тайёр намоем, балки корҳои ободонию хуррамгардониро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, иҷрои нияту мақсадҳои созандаамонро таъмин намоем ва ҷашни зикргардидаро бо дастовезҳои арзандаи илмию омӯзгорӣ сазовор истиқбол гирем.

Наврӯз дар ҷаҳонбинии ниёгони мо воқеан ҳам таҷассуми пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва хубӣ бар бадӣ мебошад. Ва табиист, ки чунин суннати пурарзиши табиӣ ва инсондӯстонаву хайрхоҳона ба ҳеҷ гуна маҳдудият тобеъ намегардад. Наврӯз ҷашни зироаткорӣ, фарҳанги баланди созандагии инсон ва табиат аст. Олимону муҳаққиқони забардаст, аз ҷумла Ҳаким Тирмизӣ, Хоҷа Муиниддини Чиштӣ, Хоҷа Баҳовуддини Авлиё, Хоҷа Аҳмади Косонӣ, Лутфулло Исмоилов Наврӯзро ҳамчун ҷашни тавҳид, ягонагии инсон ва созандагӣ дониста, эътироф кардаанд, ки он ба ягон дину мазњаб робита надорад.

Наврӯз ҳамчун бузургтарин оини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад. Тавре ки Президенти маҳбуби кишвар-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иброз доштанд: “Ҷашни Наврӯз барои мо-тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад. Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодию нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст”.

Маврид ба зикр аст, ки ҳавзаи тамаддуни Наврӯз дар тӯли таърихи дуру дарози мавҷудияти он қаламрави минтақаҳои мухталифро фаро гирифта, фарҳанги халқу миллатҳои гуногуни оламро рангорангу ғанӣ гардонидааст. Беҳуда нест, ки мардуми дунё ҳамдигарро бо ибораи зебои тоҷикии “Наврӯз муборак!”, таҳният мегӯянд.

Наврӯз рамзи бузургии фарҳанги мардуми ориёинажод, ҷашни бостонии тоҷикон, далели таърихи дерин, шоҳкитоби миллати тамаддунпарвар, саодатномаи халқи тоҷик, тантанаи бедорӣ, шукуфоӣ ва пойдорӣ, маҳзари самимият ва меҳру муҳаббат, он ҳалқаи пайванди дирӯзу имрӯз ва фардоямон аст. Пешвои миллат дар Паёми соли 2021-ашон ба Маҷлиси Олии кишвар дар мавриди нақшу манзалати ҷашнҳои миллиамон ёдовар шуда, аз ҷумла зикр намуданд: “Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, Ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000-сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст...”

Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шурӯъ гардидани ҳама гуна ибтикороту ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави кишвар мебошад.

Итминони комил дорам, ки шумо омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни арҷманд анъанаҳои неки созандагию бунёдкориро, ки хоси мардуми шарифи кишварамон аст, идома дода, бахусус, дар ин фасли зебои табиат, яъне баҳори гулрезу гулбасар ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳои пойтахти кишварамон-Душанбешаҳр, шинонидани гулу гулбуттаҳо, дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, инчунин сабзу хуррам гардонидани ҳудуди донишгоҳ кӯшишу ғайрати бештар намуда, ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллиро бо дастоварду комёбиҳои назарраси илмию таҳқиқотӣ ва таҳсили хубу аъло истиқбол мегиред.

Бо ҳамин нияту орзуҳои нек ҷашни Наврӯзи байналмилалиро бори дигар бароятон муборакбод мегӯям.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top