Сайри Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Бинанда: 948 | Санаи нашр: 19 Март 2022

Санаи 18.03.2022 аъзои раёсат ва омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар остонаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии кишвар аз намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дидан намуданд.

Ҳайати намояндагони донишгоҳ дар шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна, ки яке аз шуъбаҳои калонтарин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар он таърихи инсоният аз замони ҷомеаи ибтидоӣ то ибтидои асри ХХ бо маводи гуногуни арзишманд инъикос ёфтааст, сайри таърихӣ карданд.

Инчунин, онҳо дар толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарин бо ёдгориҳо ва нигораҳо доир ба комёбиҳою дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраҳои гуногун шинос шуданд.

Баъд аз тамошои ёдгориву нигораҳои Осорхонаи миллии кишвар ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, Қурбонзода Маҳмадалӣ Рахмат таассуроташро дар китоби хотироти муассисаи зикргардида қайд намуд.

Ҳайати намояндагони донишгоҳ зимни сайри Осорхонаи миллии кишвар маърифат ва маънавияти худро дар ҷодаи худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватандӯстию меҳанпарастӣ боз ҳам ғанитар гардониданд.
 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top