Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар донишгоҳ

Бинанда: 841 | Санаи нашр: 19 Март 2022

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 18-уми марти соли 2022 ба муносибати таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Ҷамъомад бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат оғоз гардид. Роҳбари донишгоҳ аҳли толорро ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, аз нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз ёдовар шуд.

Инчунин, роҳбари донишгоҳ зикр кард, ки Наврӯзи имсола дар кишвари азизи мо-Тоҷикистони биҳиштосо дар давраи омодагӣ ба ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки на танҳо сифати таълиму тарбияро беҳтар ба роҳ монда, ба ин васила мутахассисони баландихтисоси рақобатпазирро тайёр намоем, балки корҳои ободонию хуррамгардониро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, иҷрои нияту мақсадҳои созандаамонро таъмин намоем ва ҷашни зикргардидаро бо дастовезҳои арзандаи илмию омӯзгорӣ сазовор истиқбол гирем.

Маҳмадалӣ Раҳмат гуфт, ки Президенти маҳбуби кишвар-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иброз доштанд: “Ҷашни Наврӯз барои мо-тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад. Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодию нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст”.

Дар идомаи ҷамъомад ба як гурӯҳ омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ ва литсейи он сипосномаю ифтихорномаҳои раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот барои ҳавасмандгардонии донишҷӯёни фаъолу аълохон идрорпулии муқарраргардида супорида шуд.

Барномаи фарҳангӣ-фароғатии омоданамудаи дастаи “Тоҷири аҷам”-и донишгоҳ, хонандагони литсейи он ва сурудҳои дилнишини ҳунармандони шинохта, ки дар ситоиши Наврӯз, баҳор, зебоию шукуфоии табиат ва марди деҳқон бахшида шуда буд, ба ҷамъомади ҷашнӣ ҳусну таровати тоза зам намуд.
 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top