Семинари омӯзишӣ

Бинанда: 803 | Санаи нашр: 18 Март 2022

Рӯзҳои 16-ум ва 17-уми марти соли 2022 дар донишгоҳ бо ташаббуси шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Таҷрибаомӯзии истеҳсолии пеш аз рисолаи хатм” баргузор гардид, ки дар он мудирони кафедраҳои тахассусӣ, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва донишҷӯёни курси чоруми ҳамаи ихтисосҳо иштирок намуданд.

Дар семинар мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Бойалӣ Ҳусейнов доир ба мавзӯи матраҳгардида сухаронӣ карда, фикри мулоҳизаҳояшро перомуни сафарбаркунии донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии пеш аз рисолаи хатм, одоби муоширату ахлоқи муҳассилин, омода сохтани хуҷҷатҳои таҷрибаомӯзӣ ва дигар масоили мавриди назар баён намуд ва ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфт.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top