Қадрдонии ғолибони даври ниҳоии олимпиадаи донишгоҳӣ

Бинанда: 844 | Санаи нашр: 17 Март 2022

17-уми марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии масъулони бахши илм ва инноватсияи донишгоҳ бо ғолибони даври ниҳоии олимпиадаи донишгоҳӣ баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов аҳли толорро аз номи раёсати донишгоҳ ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни бостонии Наврӯз хеле бузург аст ва мо бояд ин арзиши бузурги миллатро ҳифз ва ба ҷаҳониён боз ҳам шинос намоем.

Сипас ба ғолибони даври ниҳоии олимпиадаи донишгоҳӣ мукофоти пулӣ, дипломҳо ва туҳфаҳои рамзии донишгоҳ супорида шуда, аз донишҷӯён даъват ба амал гардид, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, ки даври якуми он аз 1-ум то 5-уми апрел дар донишгоҳ гузаронида мешавад ва олимпиадаи ҷумҳуриявӣ тайёрии хуб бинанд ва фаъолона иштирок намоянд. Барои ин раёсати донишгоҳ тамоми шароити заруриро фароҳам хоҳад овард ва ғолибон қадрдонӣ карда мешаванд.

Ҳамчунин дар суҳбати озоде, ки барпо гардид, як қатор донишҷӯён ба раёсати донишгоҳ ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмадгардонӣ изҳори сипос намуда, фикру андешаҳо ва пешниҳодҳои худро ҷиҳати ҷалби донишҷӯён барои машғул шудан ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва иштироки васеи онҳо дар озмуну олимпиадаҳо баён доштанд.

Дар хотимаи вохӯрӣ Фарҳод Шаропов изҳори боварӣ кард, ки донишҷӯёни донишгоҳ минбаъд низ дар озмунҳои сатҳи гуногун фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд ва обрӯю нуфузи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ боз ҳам баландтар мебардоранд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top