Вохӯрӣ дар хобгоҳ

Бинанда: 778 | Санаи нашр: 17 Март 2022

16-уми марти соли 2022 дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати донишгоҳ муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саидов С. С. ва муовини ректор оид ба тарбия Дилоев Н.Ф. аз хобгоҳи донишҷӯён дидан намуда, бо шароити зисти онҳо шинос гардидаанд.

Инчунин, аъзои раёсат зимни вохӯрӣ бо донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро дар самти боз ҳам беҳтар намудани шароити муҳассилини хобгоҳ баён карда, онҳоро аз номи раёсати ДДТТ ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top