Ба истиқболи ҷашни Наврӯз

Бинанда: 748 | Санаи нашр: 17 Март 2022

16-уми марти соли 2022 дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратии донишгоҳ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар мавзӯи “Наврӯз ҷаҳонӣ шуд” ҷамъомад баргузор гардид.

Ҷамъомадро ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Саъдӣ Додарбеков оғоз намуда, ҳозиринро ба фарорасии ҷашни бостонии Наврӯз табрику таҳният гуфт.

Сипас донишҷӯён хони наврӯзиро, ки аз “Ҳафт шин” иборат буд, оростанд.

Инчунин, донишҷӯи курси якуми ихтисоси 240101 Ҷабраил Исматов дар мавзӯи “Наврӯз ҷаҳонӣ шуд”, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 250108 Комрон Нозимов дар мавзӯи “Таърихи Наврӯзи аҷам” ва донишҷӯи курси якуми ихтисоси 260202 Фирӯза Ҳалимова дар мавзӯи “Суманак рамзи баҳор аст” бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ намуданд.

Бархе аз донишҷӯён дар ситоиши фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзи хуҷастапай шеърҳо қироат карданд.

Дар фарҷоми ҷамъомад мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон Муртазо Аҳмад ва муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Фирӯза Сангова бори дигар аҳли нишастро бо фарорасии ин ҷашни фархунда табрик гуфта, фикру мулоҳизаҳояшонро дар доираи мавзӯи матраҳшуда баён намуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top