Рушди робитаҳои байналмилалӣ дар самти сайёҳӣ

Бинанда: 737 | Санаи нашр: 16 Март 2022

Яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот омӯзиши таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ ва ҷалби профессорону мутахассисони шинохтаи ҷаҳонӣ барои гузаронидани машғулиятҳо ва семинару мизҳои мудаввар дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Дар робита ба ин, раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи Фулбрайт (Fulbright Program) 2 нафар профессорони Донишгоҳи Питсбурги Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – Дуглас Шоффилд ва Жаннет Шоффилдро даъват намуд. Дуглас ва Жаннет Шоффилд профессорони соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, тӯли 2 моҳ дар донишгоҳ барои гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони англисӣ машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ мегузаронанд. Ҳамчунин ташкил ва баргузории семинару мизҳои мудаввар бо иштироки магистрону муҳаққиқони ҷавон дар бахши рушди сайёҳӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Рӯзи 16 марти соли ҷорӣ ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода профессорони даъватшударо ба ҳузур пазирифта, нахуст оид ба самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудани соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андеша ронда, қайд намуданд, ки ин бахши муҳими иқтисоди миллӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамчунин зикр гардид, ки яке аз масъалаҳои муҳими рушди соҳаи сайёҳӣ ин тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ба ҳисоб меравад ва дар ин самт нақши омӯзиши таҷрибаи хориҷӣ басо назаррас мебошад. Изҳори умед карда шуд, ки ташрифи профессорони хориҷӣ метавонад дар болоравии сатҳу сифати таҳсилот нақши арзанда гузорад.

Дар навбати худ меҳмонон ба ректори донишгоҳ ҷиҳати пазироии хуб изҳори миннатдорӣ намуда, фикру андешаҳои худро оид ба такмили барномаҳои таълимии бахши сайёҳӣ ва дигар самтҳои ҳамкориҳои минбаъда изҳор доштанд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ташрифи онҳо дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор мегардад, ки онҳо имкони бенштар пайдо мекунанд то аз фарҳангу анъанаҳои миллии кишвари мо боз ҳам аз наздик шинос гарданд.

Дар хотимаи вохурӣ Маҳмадалӣ Қурбонзода ба меҳмонон туҳфаҳои рамзии донишгоҳро супорида, онҳоро барои иштирок дар чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангии донишгоҳ бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯз даъват намуданд.

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top