Семинари омӯзишӣ

Бинанда: 768 | Санаи нашр: 15 Март 2022

14.03.2022 дар донишгоҳ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Дастрасии занон ба касби адвокатӣ” бо иштироки раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Нуритдинов, аъзои ниҳоди зикршуда, адвокатҳо М. Отабоева, З. Каримова ва донишҷӯдухтарони ихтисосҳои ҳуқуқӣ баргузор гардид.

Дар оғози семинар мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ, дотсент Некрӯз Қудратов доир ба фаъолияти Иттифоқи адвокатҳои кишвар, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар мақомоти адвокатура ва нақши адвокат дар ҷомеаи муосир ибрози андеша кард.

Сипас С. Нуритдинов, М. Отабоева ва З. Каримова зимни суханронӣ фикру мулоҳизаҳои худро доир ба адвокатура, вазифаҳои Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқу озодии инсон, тартиби ба кор пазируфтани адвокатҳои ҷавон ва дигар масоили муҳим баён намуданд.

Дар фарҷоми семинар Некрӯз Қудратов ба меҳмонон аз номи раёсати донишгоҳ арзи сипос карда, иброз дошт ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон минбаъд низ ҳамкориро бо Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа мебахшад.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top