Озмун дар остонаи ҷашни Наврӯз

Бинанда: 808 | Санаи нашр: 11 Март 2022

10 – уми марти соли 2022 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ба муносибати таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ бо ташаббуси кафедраи забонҳо Озмуни “Иншои озод” байни донишҷӯён дар доираи мавзӯъҳои ин ҷашни фархундаи ниёгон баргузор гардид.

Декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ Фитрат Рустамов зимни суханронӣ зикр кард, ки мақсад аз баргузории озмуни зикргардида баланд бардоштани худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори меҳандории ҷавонон мебошад.

Озмуни мазкур дар рӯзи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо ифтихорномаю сипосномаҳои раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда мешаванд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top