Табрикоти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бахшида ба Рӯзи Модар

Бинанда: 720 | Санаи нашр: 07 Март 2022

Бонувони азиз, модарону хоҳарони иззатманд!

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалат ва мавқеи занону бонувон дар ҷомеа мустаҳкам гардида, дар баробари иҷрои рисолати модариву қарзи шаҳрвандии хеш, бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созанда дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми назаррас доранд.

ИД МУБОРАК, МОДАРОНУ БОНУВОНИ АЗИЗ!

Зан-Модар ягона мавҷудест, ки қудрати инсонофарӣ дорад. Ба инсон ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ бузург мекунад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба инсон меомӯзонад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад ва ба ҳаёти мустақилона гусел мекунад. Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад.

Модар, дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як фарди бохирад модарро мисли ҷони худ дӯст медорад, азизу арҷманд мешуморад ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорад.

Имрӯз занон дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва хизмати давлатӣ нақши арзишманд доранд.

Маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзуда, занон дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеӣ гузошта истодаанд.

Воқеан, модар олиҳаи зиндагӣ, офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, ҳидоятгари некиву накӯкорӣ, сарчашмаи сулҳу саодат, озодӣ ва суботи ҷовидона буда, ба ин ҳама хираду бузургии модарону хоҳарон самимона арҷ мегузорам.

Боиси ифтихор аст, ки бонувони Донишгоҳи давлати тиҷорати Тоҷикистон бо рафтори неку шоиста, андешаи солиму созанда ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Донишгоҳи азизамон саҳми арзанда доранд.

Дар ин лаҳзаҳо бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки баҳри мусоидат ба раванди шукуфоии Ватан, Шумо – бонувони донишгоҳ низ ҳиссаи босазо мегузоред. Маҳз, туфайли меҳнати софдилона, эҷодкорию бунёдкорӣ, шуҷоату иродаи мустаҳками Шумо – занони ғайратманд донишгоҳамон дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хоричи кишвар рӯз то рӯз мавқеи сазоворро соҳиб гардида истодааст.

Сифати таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шуда, донишгоҳ ба сафи даҳгонаи беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар пазируфта шудаст.

Ҳамзамон, дастоварди назарраси донишгоҳамон дар соли 2021 ин ҳимоя ва тасдиқи рисолаҳои номзадии 3 нафар бонувони донишгоҳ, (Хисориева Гулнора Тоировна, Маърупова Нигора Шоназаровна ва Амонатова Маҳбуба Атоевна) ва ҷойҳои ифтихориро ишғол намудани донишҷӯдухтарони донишгоҳамон дар озмунҳои мухталифи сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, иштирок дар олимпиадаҳо, Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат”             аз саъю талоши судманд ва нерӯи бузурги ақлонию зеҳнии Шумо арзёбӣ мегардад.

Боиси ифтихор аст, ки дар Озмуни шаҳрии “Ҷавондухтарони ҳунарманд ва намоиши либоси миллӣ”,  ки бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид, донишҷӯдухтарони донишгоҳ иштироки фаъолона намуда, дар ҷамъбасти озмун ҷои дуюмро ишғол карда, бо диплом, сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Инчунин, дар мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дастаи волейболбоздухтарони донишгоҳ сазоври ҷойи якум гардиданд.

Изҳори боварӣ менамоям, ки бо покиву ҳамидагӣ, таҳаммулу хушрафторӣ, меҳнати босуботу фаъолияти пурсамар минбаъд низ Шумо дар рушду нумӯи донишгоҳи азизамон саҳми сазовори худро мегузоред.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳар кадоми Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми модарону бонувони азизро бо муҳаббати самимӣ бо иди фархундаи Рӯзи Модар – иди таҷассуми зебоиву сарсабзӣ самимона муборакбод мегӯям.

Бароятон саломатии бардавом, бахту саодат, иқболи нек, хонаободӣ, сарбаландӣ ва осудаҳолӣ таманно менамоям.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top