Тамошои “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”

Бинанда: 813 | Санаи нашр: 07 Март 2022

5-уми марти соли 2022 донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо роҳбарии мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шамс Ниёзов аз Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” дидан карданд.

Донишҷӯён дар толорҳои осорхона шуъбаҳои табиат, таърихи бостон, асрҳои миёна, таърихи нав, навтарин, санъати тасвирӣ ва амалиро тамошо карда, бо таъриху фарҳанг, маросиму анъана ва суннатҳои миллии тоҷикон шиносоии бештар пайдо намуданд.

Инчунин, донишҷӯён бо директори муассиса А. Ибодуллозода вохӯрда, таассуроти неки худро аз тамошои ёдгориву нигораҳои нодири он баён намуданд.

Мавриди зикр аст, ки муҳассилини донишгоҳ ба шарофати сайри таърихии осорхона маърифату маънавияташонро дар ҷодаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ боз ҳам ғанитар гардониданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top