ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Бинанда: 1049 | Санаи нашр: 05 Март 2022

Имрӯз (5-уми марти соли 2022) дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомад бо маърӯзаи пурмазмуни ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат оғоз гардид.  Маҳмадалӣ Раҳмат нахуст занону бонувон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳро бо ин рӯзи саид табрику муборакбод гуфта, нақши онҳоро дар тарбияи насли наврас, пешрафт ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, омода кардани мутахассисони баландихтисос, дар рӯҳияи ватандорию ватанпарастӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ ба камол расонидани ҷавонон бесобиқа арзёбӣ намуд ва афзуд: Зан-Модар ягона мавҷудест, ки қудрати инсонофарӣ дорад. Ба инсон ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ бузург мекунад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба инсон меомӯзонад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад ва ба ҳаёти мустақилона гусел мекунад. Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад.

Модар дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як фарди бохирад модарро мисли ҷони худ дӯст медорад, азизу арҷманд мешуморад ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорад.

Ректори донишгоҳ боифтихор аз хусуси саҳми арзандаи занону бонувон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ ёдовар шуда, иброз дошт, ки танҳо дар соли 2021-ум 3 нафар бонувони донишгоҳ рисолаҳои номзадии хешро бомуваффақият ҳимоя намуда, сазовори дараҷаҳои илмӣ гардиданд. Саҳми занону бонувон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар озмунҳои мухталифи сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, иштирок дар олимпиадаҳо, Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” низ назаррас буда, аз саъю талош ва неруи бузурги ақлонию зеҳнии онҳо башорат медиҳад.

Инчунин, дар мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дастаи волейболбоздухтарони донишгоҳ сазоври ҷойи якум гардиданд.

Сипас, аз ҷониби ректори донишгоҳ ба 3 нафар бонуи фаъол (Ҳисориева Гулнора, Маърупова Нигора ва Амонатова Маҳбуба), ки чанде пеш бомуваффақият рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намуданд, ҳар кадом бо мукофоти пулӣ ба маблағи 4000 сомонӣ ва чанде аз собиқадорони донишгоҳ, ки алҳол дар донишгоҳ кор намекунанд, бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин, як гурӯҳ донишҷӯдухтарони фаъоли донишгоҳ бо мукофоти пулӣ ва бархе аз омӯзгорони донишгоҳ ва литсейи он бо сипоснома ва ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Дар хотимаи қисми аввали ҷамъомад собиқадорони меҳнат, номзади илмҳои иқтисодӣ Бибиҷамила Норқузиева ва доктори илмҳои филология Умринисо Казакова суханронӣ карда, ба раёсати донишгоҳ барои ғамхорӣ ва дастгириҳои ҳамешагиашон изҳори сипос намуданд ва аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки модаронро ҳамеша эҳтиром намоянд ва сазовори меҳру муҳаббати гарму самимии онҳо бошанд.

Барномаи фарҳангие, ки аз ҷониби дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам”-и донишгоҳ омода гардида, сирф фарогири мавзӯи модар, меҳру муҳаббати поку самимӣ ва садоқати бепоёни ӯ нисбати ҷигаргӯшааш буд, ба ҳусни ҷамъомади тантанавӣ  шукӯҳи тоза бахшида, табъи аҳли толорро боз ҳам болидатар гардонид.

 

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top