Оғози даври дуюми олимпиада

Бинанда: 842 | Санаи нашр: 04 Март 2022

3-юми марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври дуюми олимпиадаи донишҷӯён оғоз гардид.

Дар ин рӯз нахустин шуда ғолибони даври якуми олимпиада, яъне донишҷӯёни курсҳои 3-юм ва 4-уми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ аз фанни иқтисодиёти ҷаҳон донишу маҳорати худро нишон дода, барои иштирок ба даври навбатӣ ҳуқуқ пайдо намуданд.

Бояд гуфт, аъзои комиссия, ки дар ҳайати н.и.и., дотсент Ғ. Ҳомидзода., и.в. дотсент, мудири кафедра Ҳомидов А.Н., муаллимони калони кафедраи зикргардида Азизова Н.А., Нурмаҳмадзода З.М. ва Давлатов Н.А. таъйин гардида буд, барои баҳои воқеӣ гузоштан ба донишу малакаи донишҷӯён ва муайян намудани ғолибон саҳм гузоштанд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top