Модар фаришта аст

Бинанда: 883 | Санаи нашр: 03 Март 2022

2-юми марти соли 2022 дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати тарбия ва факултети иқтисодиёт ва тиҷорат бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ чорабинии тарбиявӣ дар мавзӯи “Модар фариштатар зи тамоми фариштаҳост” баргузор гардид.

Чорабиниро муовини якум, муовини ректор оид ба тарбия Саймаҳмуд Саидов оғоз намуда, доир ба муҳиммияти чорабинии тарбиявии имрӯза, нақши бузурги Зан-Модар дар ҷомеа, эҳтирому арҷгузорӣ ба Модар ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирию боло бурдани мақому манзалати бонувони тоҷик дар замони муосир ибрози андеша кард.

Сипас мудири кафедра С. Мухторзода, мутахассис оид ба кор бо донишҷӯдухтарони раёсати тарбия Ш. Сониева, муаллими кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ С. Ҳабибова, декани факултет А. Ҷабборов ва корманди Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Бухориев дар доираи мавзӯи матраҳшуда фикру ақидаҳои худро баён намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ бархе аз омӯзгорону донишҷӯён дар ситоиши Модар шеърҳо қироат намуданд ва инчунин, донишҷӯдухтарон рақсҳои ҷолиб пешкаш карданд.

Дар хотимаи чорабинӣ аз номи роҳбарияти факултет ба донишҷӯёни фаъол ифтихорнома тақдим карда шуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top