РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ, ҲАМЧУН СОҲАИ КАЛИДӢ ДАР 30-СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР

Бинанда: 752 | Санаи нашр: 01 Март 2022

Таърих гувоҳ аст, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон ба осонӣ ба даст омада бошад ҳам, таҳкиму устуворӣ ва ҳифзи ин неъмати бебаҳо барои кишвари мо хеле гарону сангин афтод.

Маҳз бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ рӯзгори мардуми шарифи Тоҷикистон беҳ аз зиндагии шоиста насиби тамоми хонадони тоҷик гардид. Бо сарварии Президенти кишвар сулҳу субот, оромию осоиштагӣ, амнияти сартосарӣ дар ин кишвар таҳким ёфт, таҷрибаи бунёди сулҳу оромии кишвари мо дар ҷаҳон чун беҳтарин намунаи давлатдорию сиёсатмадорӣ пазируфта шуд.

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат низоми маориф самти афзалиятнок эълон ва ба рушду инкишофи он таваҷҷуҳи хосае зоҳир гардид, ки ин боиси боз ҳам беҳтар шудани таълиму тарбияи насли наврас ва омода кардани насли ояндасози кишвар гардид.

Тамоми раванди рушд, инкишоф ва ташаккулу таҳаввули минбаъдаи маорифи мамлакат бо сиёсати маорифпарварона ва хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад. Ин шахсияти нотакрори таърихӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои сиёсати давлатдории худро ба самти соҳаи маориф ва бехтар гардонидани вазъи муассисаҳои таълимӣ, беҳтар гардидани сифати таҳсил дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва устувор гардонидани мақоми омӯзгор дар ҷомеа равона сохт. Маҳз чунин дастгирӣ буд, ки аҳли маорифи мамлакат дар атрофи сиёсати созандаю бунёдкорона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муттаҳид шуда, дар татбиқи афкору андешаҳои волои ӯ саҳми назарраси худро гузоштанд.

Дар 30 соли тантанаи Истиқлолиятидавлатӣ ба сохтану бунёд кардани муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ҷиҳати фаро гирифтани тарбиятгирандагон ва хонандагону донишҷӯён ба таълиму тарбия таваҷҷуҳи хоссае аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир карда шудааст. Дар ин давра шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба 3920, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба 63 миёнаи касбӣ ба 78 ва олии касбӣ ба 41 адад расид.

Ҳамчунин, бо дастгирию ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат муассисаҳои типи нав ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Дар ин давра 9 мактаби Президентӣ, 7 литсей барои хонандагони болаёқат, 75 литсей ва 75 гимназия бо фарогирии зиёда 94 ҳазор хонанда ба фаъолият оғоз кард.

Дар давоми 30 сол шумораи муассисаҳои таълимӣ аз 4310 ба 4780 расидааст, ки ин нисбат ба соли таҳсили 1990-1991 461-то зиёд мебошад.

Дар замони ташаккули истиқлол ва давлатсозӣ яке аз муҳимтарин масъалаҳо бунёди маорифи миллӣ буд. Вазорати маориф ва илм тамоми кӯшишро барои эҳёи муассисаҳо ва раванди бонизоми соҳаи маориф равона карда, дар амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар татбиқи сиёсати иҷтимоӣ нақши боризе гузошт.

Соли 2001 маблағгузории соҳаи маориф ба 60 млн 900 ҳазор сомонӣ расид, ки он нисбат ба соли 2000 46,4 фоиз зиёд мебошад. Ин раванд минъбад идома меёбад. Ин аст, ки ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф дар соли 2020 ба 5 млр 4 млн 653 ҳазор сомонӣ расида 5,7 фоизи ММД ва 19 фоизи Буҷети давлатиро ташкил дода, соли 2021 ин нишондиҳанда ба 5 млрд 597 млн 100 ҳазор сомонӣ расида, 6 фоизи ММД ва 19,9 фоизи буҷети давлатиро доро мебошад.

Дар замони муосир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад, зеро аз овони кӯдакию наврасӣ таваҷҷуҳ кардан ба таълиму тарбия боиси он мегардад, ки неруи зеҳнии кӯдакон ташаккул ёбад ва онҳо дар оянда зинаҳои дигари таҳсилот барои фаро гирифтани илму дониш дар сатҳи беҳтару хубтаре омода гардиданд.

Маврид ба таъкид аст, ки шурӯъ аз замони истиқлол бо мақсади арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги кишвар, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ватандустӣ насли наврас ва ҷавони кишвар милликунонии таҳсилот чун масъалаҳои мубрам ҷузъи асосии ислоҳот пазируфта шуда, корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.

Ҳамзамон, санадҳои зиёди зерқонунӣ таҳия ва бо қарорҳои мушовараи вазорат тасдиқ карда шуд, ки барои танзими самаранокии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамоянд.

Таҷдиди мазмуну мундариҷаи таҳсилот, ки ҳам ба милликунонии таҳсилот ва ҳам барои воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот замина гузошт, аз дастовардҳои муҳими замони истиқлол дар соҳаи маориф ба шумор меравад.

Вобаста ба ин, стандарт, нақша ва барномаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҷдиди назар карда шуданд.

Падидаи дигари даврони истиқлол муассисаи таълимии хусусиву ғайридавлатӣ дар ҳамаи зинаи таҳсилот мебошад.

Таъсиси ин намуди муассисаҳо ҷойи нишасти иловагӣ фароҳам оварда, сарбории муассисаҳои давлатиро кам намуда, таълими босифатро таъмин ва рақобатпазириро ба миён меоранд.

Муассисаҳои томактабии дар замони истиқлол бунёдгардида дорои тамоми шароити зарурии таълиму тарбия буда, ба талаботи байналмилалӣ пурра мутобиқ мебошанд.

Дарёфт ва рушди истеъдодҳо, инчунин, таҳкими ҳаракати олимпӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо ин мақсади қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №353 « Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва дар шаҳру ноҳияиҳои ҷумҳурӣ 68 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис дода шуд.

Дар самти дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таҳкими ҳаракати олимпӣ мунтазам тадбирҳои судманд андешида шуда, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2014 инҷониб олимпиадаҳо доир шуда истодааст.

Агар то замони истиқлол ҳамагӣ як олимпиадаи мактаббачагон баргузор мегардид, пас дар соли 2021 36 озмун ва олимпиада бо иштироки бештар аз 5000 нафар хонанда баргузор карда шуд.

Хонандагони кишвар баробари муваффакиятҳо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ фаъолона иштирок намуда, дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалию ҷахоние, ки дар кишварҳои мутараққӣ, ба мисли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Россия, Малайзия, Франсия, Англия, Ҷопон, Туркия, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ ва Аргентинаву Бразилия баргузор шудаанд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 1788 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла, 341 ҷойи якум, 556 ҷойи дуюм, 891 ҷойи сеюм гардидаанд.

Бунёд ва ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав бо дарназардошти шароити муосир ва ба талаботҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй самараи неки даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, ба хонандагон ҷиҳати аз худ намудани илмҳои пешрафта ва технологияи навин мусоидат менамояд.

Дар ин замина, дар ҷумҳурӣ айни замон 9 мактаби Президентӣ ва 6 литсей барои хонандагони болаёқати мақоми ҷумҳуриявидошта фаъолият менамоянд.

Албатта, раванди татбиқи сиёсати иҷтимоии мамлакат дар соҳаи маориф тавассути нақшаву барнома, консепсия ва стратегияҳои гуногун амалӣ карда мешвад. Дар ин росто, дар замони соҳибистиқлолии кишвар санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиёде аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба тасвиб расид, ки дар ин муддат соҳаи маориф тавассути онҳо ба низом дароварда мешавад ва ба рушду пешрафти соҳа мусоидат мекунад.

Тибқи маълумоти омории солҳои 1990-1991 дар ҷумҳурӣ 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият намуда, дар онҳо 40,7 ҳазор нафар донишҷӯ таҳсил менамуданд.

Айни замон, теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар кишвар 78 ададро ташкил дода, нисбат ба давраи Шӯравӣ теъдоди онҳо 36 адад афзудааст.

Агар соли 1991 шумораи донишҷӯён 40,7 ҳазор нафар бошад пас, соли 2021 ин шумора ба 93,5 ҳазор нафар расидааст.

Бо мақсади омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори ҷаҳонии меҳнат муассисаҳои таҳсолти олии аз низоми анъанавии таълим ба низоми таҳсилоти кредитӣ гузаштаанд, ки ин ба муассисахои таҳсилоти олии касбӣ ва донишҷӯён шароити мусоид барои таълим ва мустақилияти бештар фароҳам меорад.

Дар баробари ин, бо мақсади сурат бахшидан ба воридшавии меъёрҳои таҳсилоти олии сатҳи байналмилалӣ, вусъати мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон миёни муассисаҳои таълимӣ ва мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат омода намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шурӯъ аз соли 2017 низоми фосилавии таълим ба роҳ монда шуд.

Бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат омода намудани мутахассисон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба зарурат, қабули донишҷӯёнро аз рӯи ихтисосҳои наву замонавӣ ҷорӣ менамоянд. Ҳамин тавр, тайи 5 соли охир ба Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 98 ихтисос ворид карда шуд.

Агар ба таври муқоиса баҳогузорӣ намоем, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар низоми Шӯравӣ аз рӯи 136 ихтисос мутахассис омода карда мешуд. Айни замон аз рӯи зиёда аз 553 ихтисос вобаста ба талаботи рушди иқтисодиёти миллӣ мутахассис омода карда мешавад, ки ин нишондиҳанда 397 ихтисос зиёд мебошад.

Ҷиҳати ба амал баровардани ҳадафҳои имрӯзу ояндаи наздики кишвар ва бо мутахассисони соҳибкасб таъмин намудани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ҳамасола муассисаҳои таҳсилоти олии касбии нав ба фаъолият шурӯъ менамоянд.

Афзоиши шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар тӯли Истиқлоли давлатӣ дар ҳолати рушд қарор дорад. Агар дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо теъдоди 69300 нафар донишҷӯ (23600 духтар) фаъолият мекарда бошад пас, дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 234652 нафар (85534 духтар) донишҷӯ таҳсил менамояд.

Бо дарназардошти ташкили муассисаҳои таълимии нав таъсис ва бо биноҳои маъмурию таълимӣ таъмини дигар муассисаҳои тасилоти олии касбӣ дар даврони истиқлол бо кумак ва дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 74 бинои маъмурӣ ва таълимӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Хамзамон, барои таъмини донишҷӯёни шаҳру ноҳияҳои дурдаст бо макони зист дар ин давра дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 29 хобгоҳи замонавӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор гирифт.

Яке аз нишондиҳандандаҳои нуфузи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ мебошад. Тибқи нақшаи дурнамо дар ин раванд миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва «Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг»-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва Оҷонсии аврупоӣ оид ба назорати сифат-ЕККА шартномаҳои дуҷониба ба тасвиб расида, ҳамкориҳо идома доранд.

Аз 41 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 30 муассиса барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани 110 ихтисос аз рӯи 9 самт (омӯзгорӣ, техникӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, тиббӣ, робитаҳои байналмилаӣ, варзиш ва санъат) пешниҳод карданд.

Аз ин миқдор то ин давра 3 ихтисоси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, 5 ихтисоси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, 3 ихтисоси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва 6 ихтисоси Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз аккредитатсияи Муассисаи ғайритиҷоратии «Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг»-и Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронида шуда, соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд.

Дар баробари ин, татбиқи ҳадафмандонаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои зикршуда, тавсеаи тафаккури техникӣ ва афзун намудани шавқу завқи хонандагон ба омӯзиши риёзиёт, ҷалби ҷавонон ба таҳқиқи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, татбиқи таҷрибаҳои инноватсионӣ ва натиҷаҳои корҳои илмӣ дар истеҳсолоти ватанӣ маҳсуб меёбад.

Бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» ва ҳамзамон ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, такмили ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот ҳамасола тибқи Низомнома озмуни «Илм-фуруғи маърифат» миёни хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторантон ва дигар шаҳрвандон гузаронида мешавад, ки барои омӯзиш ва такмили донишҳо ва тафаккури зеҳнӣ ҷиҳати омӯзиш ва азхудкунии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ моҳияти аввалиндараҷа дошта дар амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии кишвар саҳми бориз мегузорад.

Умуман, дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ соҳаи маориф ва илм бо дастовардҳои шоёне ноил гардид. Пеш аз ҳама бо таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, барномаву стратегия ва нақшаву консепсияҳои гуногуни тамоми раванди соҳаро ба танзим дароварда, дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат чораҳои заруриро роҳандозӣ карда, таълиму тарбияи насли наврас ва ояндасозони кишварро дар асоси дастовардҳои иқтисод ва бо назардошти манфиат ва арзишҳои миллӣ ба роҳ монда шуд.

ҚУРБОНЗОДА Маҳмадалӣ Раҳмат

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ

аз ҳавзаи интихоботии №5

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top