Омилҳои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ

Бинанда: 839 | Санаи нашр: 25 Феврал 2022

25-уми феврали соли 2022 дар донишгоҳ бо иштироки сарнозири Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори адлия Нурмуҳаммад Акбарзода ва ваколатдори оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳимми агентии мазкур майори адлия Сафаралӣ Расулзода дар мавзӯи “Омилҳои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ” вохӯрӣ баргузор гардид.

Вохӯриро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Фарҳод Шаропов оғоз намуда, меҳмононро аз номи раёсати донишгоҳ хайрамақдам гуфт ва доир ба барномаю стратегияҳои давлатии муқовимат бо коррупсия, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, таъсири манфии он ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муқовимат бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ибрози андеша кард.

Сипас Нурмуҳаммад Акбарзода фикру ақидаҳояшро перомуни мавзӯи матраҳгардида, ба мисли омилҳои коррупсионӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин самт, суҳбату вохӯриҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва нуҷтаҳои асосии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баён намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суолҳои аҳли толор посух гуфта, даъват ба амал оварданд, ки аҳли ҷомеа баҳри решакан намудани ин ҳолати номатлуб бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳамкориро тақвият бахшанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top