Чорабинии тарбиявӣ

Бинанда: 770 | Санаи нашр: 24 Феврал 2022

24 – уми феврали соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ чорабинии тарбиявӣ дар мавзӯи “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳомии давлату миллат” баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ муовини декан оид ба тарбия Ҷовидон Сафаров ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шамс Ниёзов доир ба Артиши миллӣ, ҷалби ҷавонон баъди хатми донишгоҳ ба хидмати ҳарбӣ, гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ, боло бурдани сатҳи худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандории ин қишри ҷомеа ибрози андеша карданд.

Сипас донишҷӯён дар доираи барномаи омодашуда Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро рӯнамоӣ намуда, саҳначаи тарбиявӣ, рақсҳои ҷолиб ва сурудҳои ватандӯстонаро дар сатҳи баланд иҷро намуданд.

Дар хотимаи чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти факултет ба сарпарастону донишҷӯёни фаъол ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим гардид.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top