БА ИФТИХОРИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Бинанда: 748 | Санаи нашр: 23 Феврал 2022

Имрӯз (23.02.2022) дар донишгоҳ ба муносибати таҷлили 29-умин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ҳусни оғоз бахшида, аҳли Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи Артиши миллии кишвар самимона табрику таҳният гуфт ва доир ба нақши калидии ин ниҳоди боэътимоди давлатӣ суханронӣ намуд.

Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат аз ҷумла иброз дошт, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки такягоҳи боэътимоди сулҳу субот, ҳимоятгари марзу буми кишвар аст, зодаи даврони  Истиқлолияти давлатӣ буда, баргузории нахустин паради ҳарбӣ дар таърихи 23 – юми феврали соли 1993 ба таъсиси он асос гузошт.

Яке аз вазифа ва уҳдадориҳои муҳимми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани малакаи касбии ҷангӣ ва ҷоннисориҳо баҳри пойдории Истиқлолияти давлатӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ ва тарбияи сиёсиву маънавии кормандони соҳаи ҳарбӣ ба шумор меравад.

Дастгирию ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти мамлакат, бахусус, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамчун неруи тавонои дифоии кишвар, амнияту дахлнопазирии марзу буми мамлакатро таъмин месозад.

Қувваҳои Мусаллаҳ замоне таъсис ёфт, ки дар мамлакатамон нооромиҳои дохилӣ ба миён омада буданд. Нақш ва мақоми Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар хомӯш намудани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, аз байн бурдани кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат бениҳоят бузург аст.

Мусаллам аст, ки Артиши миллӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ, сипари боэътимоди ҳимояи ҳар халқу миллат мебошад. Тӯли солҳои мавҷудияти худ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист худро аз лиҳози моддию техникӣ муҷаҳҳаз гардонад. Мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногуни ҳарбиро омода намояд, таҷрибаю малакаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои ҳамсояро омӯзад, дар чорабиниҳои омӯзишии ҳарбии минтақавию ҷаҳонӣ иштирок намояд ва ба яке аз пояҳои боэътимоди ҳимояи кишвар табдил ёбад.

Боиси ифтихор аст, ки,-гуфт Маҳмадалӣ Раҳмат,- Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамринҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ пайваста ширкат варзида, дар мубориза алайҳи терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир саҳми муносиби худро гузоштааст ва гузошта истодааст.

Сипас аз ҷониби Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба чанде аз ҷанговарони интернатсионалист, ки айни ҳол дар донишгоҳ фаъолият менамоянд, сипоснома ва мукофоти пулӣ ба андозаи 500 сомонӣ тақдим гардид. Инчунин, ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ, ки аз рӯи чор намуди варзиш- шоҳмот, тенниси рӯимизӣ, волейбол ва футболи хурд дар байни омӯзгорону кормандон гузаронида шуда буд, Ҷом, Ифтихорнома ва мукофоти пулӣ супорида шуд.

Барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам”-и донишгоҳ таҳти унвони “Артиши миллӣ-такягоҳи давлат”, ки анҷомбахши ҷамъомади тантанавӣ буд,  рӯҳу табъи аҳли толорро хушу болида гардонид.

Дар хотимаи ҷамъомад бо ташаббуси ректори донишгоҳ ба аъзои дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам”, ки дар чорабиниҳои фарҳангии донишгоҳӣ ва берун аз он фаъолона ширкат меварзад, бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ба андозаи як стипендияи муқарраргардида мукофотпулӣ тақдим гардид.

Шуъбаи табъу нашр

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top